СОЗИШНОМАИ ИСТИФОДАБАРАНДА (ОФЕРТАИ ОММАВӢ)
Таҳрир 20.10.2022
Ҳамаи истилоҳот ва муқаррароти дар Созишномаи истифодабарандаи мазкур (баъдан – Созишномаи истифодабаранда) истифодашаванда дар Созишномаи истифодабарандаи мазкур муайян карда шудаанд. Истилоҳот ва муқаррароти дар Созишномаи истифодабаранда муайяннагардида, қиматҳои дар Замима ба Созишномаи истифодабарандаи аз ҷониби Ҳамкор интишоргардида (баъдан – Замима) муқарргардидаро доранд.
Созишномаи истифодабаранда офертаи оммавӣ (баъдан – Оферта) мебошад, ки муҳлати ҳамроҳшавӣ ба он маҳдуд нашудааст (бе муҳлат эътибор дорад).
Ҳамчун Аксепти Созишномаи истифодабаранда аз ҷониби Пурсидашаванда содир карда шудани амалҳои конклюдентии дар офаридани Сабти бақайдгирӣ дар Сомона эътироф карда мешавад. Бо офаридани Сабти бақайдгирӣ, дар як вақт бо аксепти шартҳо ва қоидаҳои Созишномаи истифодабаранда, Пурсидашаванда шартҳо ва қоидаҳои Иловаро аксепт менамояд, ва ба Созишномаи истифодабаранда ва Илова ҳамроҳшуда ҳисобида мешавад. Маъмур, Ҳамкор ва Пурсидашаванда ҳам шартҳои Созишномаи истифодабаранда, ҳам Замимаҳоро қабул мекунанд ва барои риояи онҳо розӣ мешаванд; ба муносибатҳои ҳуқуқии ҷонибҳои дар Созишномаи истифодабарандаи мазкур танзимнагардида, қоидаҳои Илова татбиқ мегарданд ва баръакс.
Бо аксепт намудани Созишномаи истифодабаранда, Пурсидашаванда ба Маъмур барои коркарди маълумотҳои шахсии ӯ розигӣ медиҳад.
Дар ҳолати норозӣ будани Пурсидашаванда бо ягон аз қоидаҳои Созишномаи истифодабарандаи мазкур, Пурсидашаванда барои истифода бурдани Хадамотҳои Сомона ҳуқуқ надорад. Агар Пурсидашаванда баъд аз интишори тағйиротҳо истифода бурдани Хадамотҳои сомонаро давом диҳад, ҳисобида мешавад, ки бо ин ӯ тағйир ёфтани шартҳои Созишномаи истифодабарандаро дар ҳаҷми пурра қабул меунад.
Муносибатҳои ҳуқуқии Маъмур, ҳамкор ва Пурсидашаванда ҳангоми истифода бурдани Сомона, инчунин, Хадамотҳои Сомона, бо Созишномаи Истифодабаранда, Илова ва Сиёсати махфият (баъдан – Сиёсати махфият) танзим карда мешавад.
1. ИСТИЛОҲОТ ВА МУҚАРРАРОТ
Номи домении Сомона – {domain_name}.
Маъмур – {adm_name}, {adm_data}. {adm_link}
Шакли тамоси баръакс – суроғаи почтаи электронӣ: {support_mail}.
Кишвари Пурсидашаванда – {resp_country}.
2. МАВЗУЪИ СОЗИШНОМАИ ИСТИФОДАБАРАНДА
2.1. Аз рӯи Созишномаи истифодабарандаи мазкур Маъмур ба Пурсидашаванда имконияти истифода бурдан аз Хадамотҳои Сомона дар шартҳои литсензияи оддӣ (истиснонабуда) барои мақсадҳои иштироки Пурсидашаванда дар Пурсишҳоро пешкаш мекунад, Пурсидашаванда бошад, барои ҳангоми истифода бурдани Хадамотҳои Сомона риоя кардани қоидаҳои Созишномаи истифодабарандаи мазкур ва ҳуҷҷатҳои дигари ба танзим дарорандаи тартиб ва шартҳои пешкаш кардани Хадамоти алоҳидаи Сомона ва дар Сомона ҷойгиркардашуда ӯҳдадор мешавад.
2.2. Хадамотҳои Сомона ба Пурсидашаванда бо истифода аз таъминоти барномавии Ҳамкор пешкаш карда мешаванд, аз ҳамин сабаб, тартиби аз қайд гузаштани Пурсидашаванда дар Сомона, мамнӯъ карда шудани Сабти бақайдгирӣ, инчунин муносибатҳои дигари ҳуқуқии бевосита байни Пурсидашаванда ва Ҳамкор ба миён меомада, бо Илова ба танзим дароварда мешаванд.
2.3. Хадамоти Сомона ба Пурсидашаванда ройгон пешкаш карда мешаванд.
2.4. Ҳангоми истифода бурдани Хадамоти Сомона ба Пурсидашаванда мустақилона ба худ таъмин намудани дастрасӣ ба шабакаи Интернет, насб кардани таъминоти барномавӣ барои кор бо веб-интерфейси Сомона, инчунин гузаштан аз протседураи аз қайд гузаштан дар Сомона лозим аст.
3. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ПУРСИДАШАВАНДА ВА МАЪМУР
3.1. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Пурсидашаванда бо Илова ба танзим дароварда мешаванд.
3.2. Ҳуқуқ дорад ба:
3.2.1. ба Пурсидашаванда пешкаш намудани имконияти истифода бурдани Хадамоти Сомона барои гузаштан аз Пурсишҳо бо шарти аз ҷониби Пурсидашаванда риоя карда шудани шартҳои ҳуҷҷатҳои дар муқаддимаи Созишномаи истифодабарандаи мазкур нишондодашуда;
3.2.2. дар вақти дилхоҳ, бе огоҳкунӣ, пурра кардан, таҳрир кардан ё ки бо таври дигар ворид кардани тағйирот ба шартҳои Созишномаи истифодабарандаи мазкур;
3.2.3. дар вақти дилхоҳ бо салоҳдиди худ илова кардан, бекор кардан ё ки тағйир додани Хадамоти Сомона;
3.2.4. давъат намудани Пурсидашавандагон барои иштирок дар Пурсишҳо;
3.2.5. даъват накардан/рад кардани Пурсидашавандагон барои иштирок дар Пурсишҳое, ки ба омилҳои аудиторияи мақсадноки Пурсиш мутобиқ нестанд ё ки бо сабабҳои дигар, бо ин Маъмур барои кушодани сабабҳои чунин радкуниҳо ӯҳдадор намебошад;
3.2.6. агар дигараш бевосита аз шартҳои Созишномаи истифодабарандаи мазкур бар наояд, интиқол додани иттилооти бешахсгардонидашудаи дорои ҷавобҳои Пурсидашаванда ба саволҳо дар доираи Пурсишҳо, ба шахсони сеюм;
3.2.7. ба Пурсидашаванда мамнӯъ кардани дастрасӣ ба Хадамотҳои Сомона, бекор кардани Созишномаи истифодабарандаи мазкур ҳангоми аз ҷониби Пурсидашаванда вайрон карда шудани ӯҳдадориҳои бо Созишномаи истифодабаранда, Илова, инчунин бо асосҳои дигар муқарраргардида;
3.2.8. бо сабабҳои техникӣ боз доштани кори Сомона ва Хадамотҳои Сомона.
3.3. Маъмур ӯҳдадор аст ба:
3.3.1. коркард кардани Маълумоти шахсии Пурсидашаванда, ҳифз кардани махфияти онҳо ва таъмин анмудани бехатарӣ мутобиқи шартҳои Созишномаи истифодабарандаи мазкур, Илова ва Сиёсати махфият.
4. СИЁСАТИ КОРКАРДИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ
4.1. Бо қисмати мазкур Созишномаи истифодабаранда, инчунин Сиёсати махфият шартҳо, тартиби ҷамъоварӣ, коркард ва интиқоли Маълумотҳои шахсии Пурсидашаванда муқаррар карда мешаванд.
4.2. Коркарди маълумотҳои шахсии Пурсидашаванда бо шарти розигии Пурсидашаванда бо Сиёсати махфият ва инъикоси розигӣ ба коркарди маълумотҳои шахсии худ ҳангоми Аз қайд гузаштан дар сомона ба амал бароварда мешавад.
4.3. Дар ҳолатҳои алоҳида дар Сомонаи Пурсиш ҷамъоварӣ ва коркарди Маълумотҳои шахсӣ ба амал бароварда мешавад. Дар ин ҳолат Пурсидашаванда созишномаи алоҳидаро бо шахси сеюм — ташкилкунандаи пурсиш имзо мекунад, Маъмур ва Ҳамкор барои коркарди Маълумотҳои шахсии аз ҷониби ташкилкунандаи пурсиш ҷамъоваригардидаи пурсидашаванда ӯҳдадорӣ надорад. Пурсидашаванда ҳуқуқи иштирок накардан дар Пурсишҳои зеринро дорад.
4.4. Пурсидашаванда бо қоидаҳои Сиёсати махфият розӣ мешавад ва онро дар ҳаҷми пурра қабул мекунад.
4.5. Розигӣ барои коркарди маълумотҳои шахсӣ метавонад аз ҷониби Пурсидашаванда дар вақти дилхоҳ тавассути нест кардани Сабти бақайдгирӣ баргашта гирифта шуда метавонад. Аз лаҳзаи баргашта гирифта шудани Розигӣ ба коркарди маълумотҳои шахсӣ аз ҷониби Пурсидашаванда, ба Пурсидашаванда дастрасӣ ба Хадамоти Сомона мамнӯъ карда мешавад, Созишномаи истифодабарандаи мазкур бекоргардида ҳисобида мешавад.
5. ӮҲДАДОРИҲОИ ПУРСИДАШАВАНДА
5.1. Пурсидашаванда барои иҷро накардан ё ки ба таври бояду шояд иҷро накардани ӯҳдадориҳои ба худ аз рӯи Созишномаи истифодабарандаи мазкур гирифташуда мутобиқи Қонунгузории татбиқшаванда ӯҳдадор мебошад.
5.2. Дар ҳолати аз ҷониби шахсони сеюм пешкаш карда шудани ягон даъво ба Маъмур, Ҳамкор ё ки мизоҷони онҳо, ки бо аз ҷониби Пурсидашаванда вайрон карда шудани моликияти зеҳнии Маъмур, Ҳамкор ё ки мизоҷони онҳо алоқаманд ё ки бо аз ҷониби Пурсидашаванда ҷойгир карда шудани маводҳои дорои Моликияти зеҳнии Пурсидашаванда алоқаманд, Пурсидашаванда мустақилона ҳамаи ҷавобгариро аз рӯи чунин даъвого дорад. Дар ҳолати ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шудани Маъмур, Ҳамкор ё ки мизоҷони онҳо, охирон ҳуқуқи ба Пурсидашаванда пешкаш намудани талаботи регрессивӣ оиди ситонида шудани зарарҳои дар доираи талаботи пешкашгардидаро доранд.
6. ОЗОДКУНӢ АЗ ҶАВОБГАРӢ
6.1. Маъмур дар назди Пурсидашаванда барои зарарҳои дар натиҷаи истифода бурдани Сомона ва (ё ки) Хадамотҳои Сомона ҷавобгарӣ надоранд.
6.2. Пурсидашаванда зеринро мефаҳмад ва бо он розӣ мешавад, ки:
6.2.1. Пурсидашаванда аз Сомона бо тарс ва хатари худ истифода мебарад. Хадамотҳои Сомона «чӣ тавре ки ҳаст» пешкаш карда мешаванд;
6.2.2. Маъмур кафолат намедиҳад, ки: Хадамоти Сомона ва Сомона ба талаботи Пурсидашаванда мутобиқат доранд; муттасил, зуд, боэътимод ва бе хатогӣ пешкаш карда мешаванд; натиҷаҳое, ки бо истифода аз Хадамоти Сомона ба даст оварда мешаванд, саҳеҳ ва боэътимод мешаванд; сифати ягон маҳсулот, хизматрасонӣ, иттилоот ва дигаре, ки бо истифода аз Хадамоти Сомона ба даст оварда мешаванд, ба интизориҳои Пурсидашаванда мутобиқат хоҳанд дошт; ҳамаи хатогиҳо дар барномаҳо ислоҳ карда мешаванд;
6.2.3. маводҳои дилхоҳеро, ки аз ҷониби Пурсидашаванда бо истифода аз Хадамоти Сомона гирифта шудаанд, Пурсидашаванда ба таври истисноӣ ба тарс ва хатари худ истифода мебарад. Ба Пурсидашаванда ҷавобгарӣ барои зарари дилхоҳе, ки ба дастгоҳи (компютер, ноутбук ё ки дастгоҳи дигар) Пурсидашаванда ва маълумотҳои Пурсидашаванда дар натиҷаи боркунии ин маводҳо расонида шуда метавонад, вогузор карда мешаванд.
6.3. Дар ҳолате, ки агар Пурсиш аз ҷониби мизоҷи Маъмур ташкил карда мешавад ва Пурсидашаванда пешбинӣ мекунад, ки Пурсиши нишондодашуда ба Пурсидашаванда зарар мерасонад ё ин ки Пурсиш бо сабабҳои дигар барои Пурсидашаванда ғайри қобили қабул намебошад, Пурсидашаванда бояд аз гузаштани чунин Пурсиш даст кашад. Ҳангоми дар Пурсиш иштирок кардан, Пурсидашаванда ба худ ҳамаи хатарҳои алоқаманд ба чунин Пурсишро қабул мекунад.
7. ТАҒЙИР ДОДА ШУДАНИ СОЗИШНОМАИ ИСТИФОДАБАРАНДА
7.1. Маъмур барои дар тартиби яктарафа тағйир додани шартҳои Созишномаи истифодабарандаи мазкур ва ҳамаи қисмҳои ҷудонашавандаи онро бе мувофиқакунӣ бо Пурсидашаванда бо огоҳкунии ӯ тавассути дар Сомона ҷойгиркунии таҳририяти нави Созишномаи истифодабаранда ё ки қисми дигари ҷудонашавандаи он, ки тағйир ёфтааст, ҳуқуқ дорад. Таҳрири нави Созишномаи истифодабаранда ва (ё ки) ягон қисми ҷудонашавандаи он аз лаҳзаи интишор шуданаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.
7.2. Созишномаи истифодабарандаи мазкур аз санаи мамнӯъ карда шудани дастрасии Пурсидашаванда ба Хадамоти Сомона бекоргардида ҳисобида мешавад.
8. ҚОИДАҲОИ ОХИРОН
8.1. Ҳамаи баҳсҳо ё ки даъвоҳои аз Созишномаи истифодабарандаи мазкур ё ки бо Созишномаи истифодабаранда алоқаманд бармеомадаро, Ҷонибҳо кӯшиш мекунанд, ки дар тартиби эътирозӣ ҳаллу фасл намоянд. Дар ҳолати нарасидан ба созиш, баҳс бояд дар суд дар ҷойи будубоши Маъмур ҳаллу фасл гардад.
8.2. Созишномаи истифодабарандаи мазкур табиати пардохтнашаванда дорад, аз ҳамин сабаб, меъёрҳо оиди ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба Созишномаи истифодабарандаи мазкур татбиқ карда намешаванд.