РОЗИГӢ БАРОИ КОРКАРДИ МАЪЛУМОТҲОИ ШАХСӢ

ки ба Ҳамкор (баъдан – Оператор) дода шудаст: {partner_name}

({partner_data})

Бо аксепт намудани (қабулкунии) Илова ба Созишномаи истифодабаранда, ки аз ҷониби Оператор дар шабаки Интернет ҷойгир карда шудааст, Пурсидашаванда озодона, бо иродаи худ ва дар манфиати худ ба Оператор барои коркарди (ҷамъоварӣ, сабт, сохторкунӣ/систематизатсия, ҷамъкунӣ нигоҳдорӣ, саҳеҳкунӣ (навкунӣ, тағйирдиҳӣ, дигаркунӣ), иқтибосгирӣ, истифода бурдан, фош кардан бо воситаи интиқол (паҳнкунӣ, пешкашкунӣ бо роҳи дигар, дастрасӣ додан), ба тартиб даровардан ё ки омехтакунӣ, маҳдудкунӣ, бешахсгардорӣ, мамнӯъкунӣ, несткунӣ, нобудкунӣ (нест кардан ё ки вайрон кардан)) маълумотҳои зерини шахсии худро медиҳад (баъдан – Маълумотҳои шахсӣ):

— маълумоти шахсие, ки онҳоро Пурсидашаванда оиди худ ҳангоми Аз қайд гузаштан дар Сомона, инчунин дар ҷараёни истифодабарии Хадамоти Сомона хабар додааст, айнан: насаб, ном, номи падар, суроғаи почтаи электронӣ, рақами телефони мобилӣ, ҷинс, аҳволи оилавӣ, санаи таваллуд, маълумот оиди ҷойи истиқомат ва (ё ки) ҷойи будубош, маълумотҳои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, идентификаторҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва хадамоти паёмҳои зуд, маълумоти дигари аз ҷониби Пурсидашаванда пешкашкардашуда;

— маълумотҳо оиди Пурсидашаванда, ки бо ёрии хусусиятҳои Хадамоти Сомона дар қувваҳои ҳисоббарори худ ҷамъ оварда ва коркард карда мешавад, аз он ҷумла:

• иттилооти техникӣ, ки маълумотҳо оиди дастгоҳҳои Пурсидашаванда ва пайвастшавии интернетро дарбар мегирад: намуди дастгоҳ, андозаи экран, версияи низоми оператсионӣ, таъминоти барномавии насбкардашуда, суроғаи IP, суроғаи MAC;

• иттилоот дар шакли бешахсгардонидашуда: а) маълумотҳо оиди саҳифаҳои аз ҷониби Пурсидашаванда ташрифовардашуда, дархостҳои ҷустуҷӯии Пурсидашаванда; б) маълумотҳо оиди аз ҷониби Пурсидашаванда истифода гардидани барномаҳо ва барномаҳои компютерӣ дар дастгоҳҳои ӯ; в) маълумотҳо оиди ҷойгиршавии дастгоҳҳои Пурсидашаванда (геолокатсия) ва ҳаракати ӯ; г) маълумотҳо оиди тамосҳои дастгоҳҳои Пурсидашаванда бо аудиоқатори медиаи гуногун (барномаҳои телевизионӣ, пахшҳои радио ва ғайра);

— маълумотҳои файлҳои «cookie»;

— иттилоот аз шахсони сеюм дар бораи рафтори Пурсидашаванда дар захираҳои беруна.

Коркарди Маълумотҳои шахсии Пурсидашаванда бо мақсади зерин ба амал бароварда мешавад:

— гузаронидани Пурсишҳо ва ташкили иштироки Пурсидашаванда дар Пурсишҳо;

фардикунонии Хадамоти Сомона (танзими Хадамоти Сомона таҳти Пурсидашавандаи мушаххас), то ки Коркарди Маълумотҳои шахсии Пурсидашаванда бо мақсади зерин ба амал бароварда шавад;

— гузаронидани Пурсишҳо ва ташкили иштироки Пурсидашаванда дар Пурсишҳо;

— фардикунонии Хадамоти Сомона (танзими Хадамоти Сомона таҳти Пурсидашавандаи мушаххас), то ки Оператор Пурсидашавандаро ба Пурсишҳои мушаххас равона карда тавонад;

— таъмини иштироки Пурсидашаванда дар барномаҳои Ҳамкор, аз он ҷумла, Барномаҳои бонусӣ, пардохти ҳавасмандгардониҳо;

— тамос бо Пурсидашаванда, аз он ҷумла, бо роҳи равона кардани огоҳиҳо, дархостҳо ва иттилооти алоқаманд ба истифода бурдани Хадамоти Сомона, инчунин коркарди дархостҳо ва аризаҳо аз Пурсидашаванда;

— беҳтаркунии сифати Хадамоти Сомона, қулайии истифодабарии онҳо, коркарди имконияти иловагии функсионалии Хадамоти Сомона, гузаронидани санҷиш ё ки санҷидани низомҳои бегонаи иттилоотӣ;

— тафтиши иттилооти аз ҷониби Пурсидашаванда пешкашгардида;

— ташаккули омори ташриф ба веб-сомонаҳои Оператор;

— муайянкунӣ ва пешгирии вайронкуниҳои Созишномаи истифодабаранда;

— таҳқиқи гумонбарӣ дар қаллобӣ ё ки вайронкуниҳои ҳуқуқҳои шахсони сеюм;

— иҷроиши ӯҳдадориҳои аз ҷониби қонунгузории амалкунанда муқарраргардида, аз он ҷумла, барои ҷавоб додан дархости ба таври бояду шояд ваколатдоргардидаи мақомоти давлатӣ ва шахсони дигари ваколатдор;

— дар алоқамандӣ бо фурӯш, бегонакунӣ ё ки интиқоли дигари тиҷорати Оператор ба шахси сеюм.

Амалҳои нишондодашуда бо истифода аз воситаҳои автоматизатсия ба амал бароварда мешавад.

Барои ба амал баровардани мақсадҳои дар боло нишондодашуда, Пурсидашаванда инчунин барои аз ҷониби Оператор дода шудани Маълумоти шахсии ӯ ба шахсони сеюм, ки инчунин коркарди Маълумоти шахсиро бо супориши Оператор ба амал мебароранд, ҳангоми мавҷудияти созишномаи байни Оператор ва чунин шахсони сеюм басташуда оид ба таъмини махфияти Маълумотҳои шахсии интиқолдодашуда розигӣ медиҳад.

Розигии мазкур ба муҳлати амали мақсадҳои муқарраргардидаи коркарди маълумотҳои шахсии Пурсидашаванда дода мешавад.

Розигии мазкур бо роҳи аз ҷониби Пурсидашаванда нест карда шудани Сабти бақайдгирӣ баргашта гирифта шуданаш мумкин аст. Оператор коркарди Маълумотҳои шахсиро дар муҳлати на бештар аз сӣ рӯз аз санаи нест карда шудани Сабти бақайдгирӣ аз ҷониби Пурсидашаванда, ба ғайр аз маълумотҳои барои коркард мутобиқи Қонунгузории амалкунанда лозима қатъ мекунад.

Мафҳумҳое, ки дар Розигии мазкур истифода бурда мешаванд, қиматҳои дар созишномаи истифодабарандаи аз ҷониби Маъмур дар шабакаи Интернет интишоргардида ва аз ҷониби Пурсидашаванда аксептуша, ва илова ба он, ки аз ҷониби Маъмур дар шабакаи Интернет интишоргардида ва аз ҷониби Пурсидашаванда қабулгардидаро доранд.