ИЛОВА БА СОЗИШНОМАИ ИСТИФОДАБАРАНДА (ОФЕРТАИ ОММАВӢ)
Таҳрир аз 20.10.2022
Ҳамаи истилоҳот ва муқаррароти дар Илова ба Созишномаи истифодабарандаи мазкур (баъдан – Илова) истифодашаванда дар Иловаи мазкур муайян карда шудаанд. Истилоҳот ва муқаррароти дар Илова муайяннагардида, қиматҳои дар Созишномаи истифодабарандаи аз ҷониби Маъмур интишоргардида ва аз ҷониби Пурсидашаванда аксептгардида (баъдан – Созишномаи истифодабаранда) муқарргардидаро доранд.
Илова офертаи оммавӣ (баъдан – Оферта) мебошад, ки муҳлати ҳамроҳшавӣ ба он маҳдуд нашудааст (бе муҳлат эътибор дорад). Илова иловаи Созишномаи истифодабаранда мебошад, маънои онро дорад, Маъмур, Ҳамкор ва Пурсидашаванда ҳам шартҳои Созишномаи истифодабаранда, ҳам Иловаро қабул мекунанд ва барои риояи онҳо розӣ мешаванд; ба муносибатҳои ҳуқуқии ҷонибҳои дар Иловаи мазкур танзимнагардида, қоидаҳои Созишномаи истифодабаранда татбиқ мегарданд ва баръакс. Ҳангоми мавҷудияти зиддиятҳо байни Созишномаи истифодабаранда ва Илова қоидаҳои Илова амал мекунанд.
Ҳамчун Аксепти Илова аз ҷониби Пурсидашаванда содир карда шудани амалҳои конклюдентии дар офаридани Сабти бақайдгирӣ дар Сомона эътироф карда мешавад. Бо офаридани Сабти бақайдгирӣ, дар як вақт бо аксепти шартҳо ва қоидаҳои Илова, Пурсидашаванда шартҳо ва қоидаҳои Созишномаи истифодабарандаро аксепт менамояд, ва ба Илова ва Созишномаи истифодабаранда ҳамроҳшуда ҳисобида мешавад.
Бо аксепт намудани Илова, Пурсидашаванда ба Ҳамкор барои коркарди маълумотҳои шахсии ӯ розигӣ медиҳад.
Дар ҳолати норозӣ будани Пурсидашаванда бо ягон аз қоидаҳои Иловаи мазкур, Пурсидашаванда барои истифода бурдани Хадамотҳои Сомона ҳуқуқ надорад. Агар Пурсидашаванда баъд аз интишори тағйиротҳо истифода бурдани Хадамотҳои сомонаро давом диҳад, ҳисобида мешавад, ки бо ин ӯ тағйир ёфтани шартҳои Иловаро дар ҳаҷми пурра қабул меунад.
1. ИСТИЛОҲОТ ВА МУҚАРРАРОТ
Сомона — маҷмуи барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ва дигар иттилооти таркиби системаи иттилоотӣ, ки дастрасӣ ба он тавассути шабакаи Интернет аз рӯи Номи домении Сомона, ки дар Созишномаи истифодабаранда нишон дода шудааст, ба амал бароварда мешавад.
Хадамоти Сомона – имкониятҳои функсионалӣ, воситаҳо ва хизматҳои Сомона, ки ба Пурсидашаванда бо мақсади ташкили иштироки Пурсидашавандагон дар пурсишҳои сотсиологӣ ва маркетингӣ тавассути Пурсишҳо пешкаш карда мешаванд.
Сомонаи Пурсиш – Сомона ё ки сомонае, ки ба шахсони сеюм тааллуқ доранд, ки бо истифода аз он Пурсиш гузаронида мешавад.
Маъмур – соҳиби Сомона.
Пурсидашаванда – шахси ҷисмоние, ки мутобиқи қонунгузории Кишвари Пурсидашаванда, ки дар Созишномаи истифодабаранда нишон дода шудааст, дорои қобилияти амали бояду шояд мебошад ва дар Сомона аз қайд гузаштааст.
Агар дигараш аз ҷониби Қонуни татбиқшаванда муқаррар карда нашуда бошад, шахсони ба синни 12 солагӣ нарасида, инчунин шаҳрвандони давлатҳо — аъзоёни Иттифоқи Аврупо, ки ба синни 16 солагӣ нарасидаанд, Пурсидашаванда буда наметавонанд. Пурсидашаванда арз мекунад ва кафолат медиҳад, ки ба талаботи банди мазкури Созишномаи истифодабаранда мутобиқат дорад.
Ҳамкор – {partner_name} ({partner_data}), ки соҳиби таъминоти барномавӣ, ки ба Пурсидашавандагон барои иштирок дар Пурсишҳо имконият медиҳад.
Пурсиш – усули ҷамъоварии иттилооти аввалия ки дар маҷмуъаи амалҳо оид ба ҷамъкунии онлайнӣ ва интиқоли иттилоот аз Пурсидашаванда ба Маъмур, Ҳамкор ва (ё ки) мизоҷони онҳо дар мавзуъи додашуда ҷамъоварӣ, ҳамҷоякунӣ, коркарди маълумотҳои гирифташуда, ташаккули хулосаҳо оиди натиҷаҳои Пурсиш инъикос меёбад. Пурсиш аз ҷониби Маъмур, Ҳамкор ё ки мизоҷони онҳо ташкил карда шуда метавонад.
Аз қайд гузаштан дар Сомона – маҷмуъаи амалҳои Пурсидашаванда, ки ба офаридани Сабти бақайдгирӣ равонагардида, ки розигии пурраро бо Созишномаи истифодабарандаи мазкур ва ҳуҷҷатҳои дигари дар дебочаи Созишномаи истифодабарандаи мазкур нишон дода шудаанд, мефаҳмонад.
Сабти бақайдгирӣ – маҷъмуаи маълумотҳои идентификатсионии шартии Пурсидашаванда, ки тавассути онҳо Пурсидашаванда дастрасӣ ба Хадамоти Сомонаро ба амал мебарорад.
Утоқи шахсӣ – қисми ҳудуди пӯшидаи Сомона, ки дар он иттилоот оиди Пурсидашаванда ҷойгир гардидааст ва Хадамоти Сомона пешкаш карда шудаанд.
Шакли тамоси баръакс – суроғаи почтаи электронӣ, ки дар Созишномаи истифодабаранда нишон дода шудааст.
Моликияти зеҳнӣ – натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардисозии шахсони ҳуқуқӣ, молҳо, корҳо ва корхонаҳое, ки ба онҳо баробар карда шудаанд ва ба онҳо муҳофизаи ҳуқуқӣ пешкаш карда шудааст (аз он ҷумла Сомона, Хадамоти Сомона, таъминоти барномавӣ, махзани маълумотҳо, номгӯйҳои фирмавӣ, нишонаҳои молӣ ва нишонаҳои хизматрасонӣ, тасвирҳои графикӣ, суратҳо, маҳсулоти видеоӣ, таъиноти тиҷоратӣ ва натиҷаҳои дигари фаъолияти зеҳнӣ).
Амволи зеҳнии Пурсидашаванда – Моликияти зеҳнӣ, ки аз ҷониби Пурсидашаванда бо истифода аз Хадамоти Сомона ё ки дар Сомонаҳои Пурсишҳо пешкаш карда/ҷойгир карда мешавад.
Моликияти зеҳнии Маъмур, Ҳамкор ё ки мизоҷони онҳо – Моликияти зеҳнӣ, ки ҳуқуқҳо ба онҳо ба Маъмур, Ҳамкор ё ки мизоҷони онҳо ё ки шахсони сеюм тааллуқ доранд ва ба Пурсидашаванда ҳангоми истифода аз Хадамоти Сомона ё ки гузаштан аз Пурсишҳо пешкаш карда мешавад.
Иттилооти махфӣ – иттилоот ё ки маълумотҳои новобаста аз шакли пешкаш карда шудани онҳо:
— Амволи зеҳнии Маъмур, Ҳамкор ё ки мизоҷони онҳо, ки ба Пурсидашаванда ҳангоми гузаштани Пурсиш пешкаш карда мешавад (аз он ҷумла саволҳои Пурсиш, тавсифи молҳо/хизматрасониҳо ва ғайра);
— Маълумотҳои ба фаъолияти Маъмур, Ҳамкор ва мизоҷони онҳо тааллуқдошта (иттилооти дорои табиати молиявӣ, техникӣ, истеҳсолотӣ ва ғайр, маълумотҳои дилхоҳ оиди усулҳо, технологияҳо, ғояҳо, консепсияҳо, асбобҳо, ҷузъҳои барномаҳои МЭҲ, ки аз ҷониби Маъмур, Ҳамкор ва мизоҷони онҳо истифода ё ки коркарда карда шудаанд, маълумотҳо оиди хусусиятҳои ташкилии Маъмур, Ҳамкор ва мизоҷони онҳо, маълумотҳо оиди низомҳои иттилоотӣ, маҳсулотҳои барномавии Маъмур, Ҳамкор ва мизоҷони онҳо)
— иттилооти дилхоҳи дигар, ки арзиши амалкунанда ё ки эҳтимолиро аз сабаби номаълумии онҳо ба шахсони сеюм доранд, ки аз ҷониби Пурсидашаванда ҳангоми истифода бурдани Сомона, Хадамоти сомона, Сомонаҳои пурсишҳо гирифта шудаанд ва ба Маъмур, Ҳамкор ва мизоҷони онҳо ягон муносибат дорад;
— иттилооти ташкилдиҳандаи асрори тиҷоратии Маъмур, Ҳамкор ва (ё ки) мизоҷони онҳо;
— иттилооти дигари мутобиқи Қонунгузории амалкунанда ба махфӣ нисбат дода шудааст.
Қонунгузории амалкунанда – {law_country}, бо истиснои ҳолатҳои дар Созишномаи истифодабаранда, Илова ва Сиёсати Махфият бевосита нишондодашуда.
Хадамоти авторизатсия – интерфейси амалии сомонаи Google ва хадамоти дигари монанди барои авторизатсия ва аутентификатсияи истифодабаранда, инчунин, эҳтимол, барои пуркунии худкори иттилооти профилӣ ҳангоми аз қайд гузаштаи Пурсидашаванда истифода мешавад.
2. МАВЗУЪИ ИЛОВА
2.1. Аз рӯи Иловаи мазкур Ҳамкор барои ба Пурсидашаванда пешкаш намудани ҳуқуқи истифодабарии таъминоти барномавиро барои дастрасӣ ба Хадамоти Сомона (баъдан — Таъминоти барномавӣ) дар шароитҳои литсензияи (истиснонабуда) барои мақсадҳои ташкили иштироки Пурсидашаванда дар Пурсишҳо баён менамояд, Пурсидашаванда бошад, барои ҳангоми истифодабарии Хадамоти Сомона риоя кардани қоидаҳи Иловаи мазкур ва ҳуҷҷатҳои дигари танзимкунандаи тартиб ва шартҳои пешкаш гардидани Хадамоти Сомона ва дар Сомона ҷойгиркардашудаи алоҳида ӯҳдадор мешавад.
2.2. Аз ҷониби Пурсидашаванда истифода гардидани Хадамоти Сомона ҳуқуқи Пурсидашаванда мебошад, на ӯҳдадории ӯ.
2.3. Барои Пурсидашаванда шудан розӣ шуда, шахси ҷисмонӣ бо розӣ мешавад, ки барои иштирок дар Пурсишҳо даъватнома хоҳад гирифт.
3. ШАРТҲОИУМУМИИ ИСТИФОДАБАРИИ ХАДАМОТИ СОМОНА
3.1. Хадамоти Сомона ба Пурсидашаванда барои иштироки ӯ дар тадқиқоти сотсиологӣ ва маркетингӣ ройгон пешкаш карда мешавад.
3.2. Даъватнома барои иштирок дар Пурсишҳо ба Пурсидашавандагон тавассути почтаи электронӣ, паёмҳои SMS, зангҳо ба рақами телефон, огоҳиҳои push дар браузери интернетӣ, тавассути паёмҳои шахсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хадамоти паёмҳои зуд, инчунин бо усулҳои дигар равона карда шуда метавонанд.
3.3. Бо мақсади нигоҳдории шавқмандии Пурсидашаванда ба Хадамоти Сомона, инчунин барои пешбарии онҳо, ҷалби Пурсидашавандагони нав ва зиёдкунии фаъолияти Пурсидашавандагони аз қайд гузашта, ба Пурсидашавандагон иштирок дар барномаҳои бонусии аз ҷониби Ҳамкорон, инчунин мизоҷони Маъмур ва Ҳамкор ташкилгардида пешниҳод карда шуда метавонад. Бонусҳо мутобиқи шартҳои аз ҷониби Ҳамкор дар барномаҳои мутобиқ, ё ки аз ҷониби Маъмур ё ки Ҳамкор муқарраргардида ҳисоб карда ва истифода бурда мешаванд. Бо аксепт намудани Иловаи мазкур, Пурсидашаванда, барномаи амалкунандаи бонусиро аксепт мекунад.
4. АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАН ДАР СОМОНА. САБТИ БАҚАЙДГИРӢ.
4.1. Аз қайд гузаштан дар сомона танҳо бо шарти аз ҷониби Пурсидашаванда пайдарҳам содир карад шудани амалҳои зерин имконпазир аст:
4.1.1. Пурсидашаванда аксепти пурра ва бечунучарои Созишномаи истифодабаранда, Иловаи мазкур, Сиёсати махфият, инчунин додани розигӣ ба коркарди маълумотҳои шахсии худро ба амал мебарорад. Амалҳои дар боло нишондодашударо тавассути пайдарҳамии содир кардани амалҳои зерин иҷро карда мешавад:
— шинос шудан бо шартҳои таҳририяти амалкунандаи Созишномаи истифодабаранда, Иловаи мазкур, Сиёсати махфият, матни Розигӣ ба коркарди маълумотҳои шахсӣ дар Сомона;
— баён намудани шартҳои таҳрирҳои амалкунандаи Созишномаи истифодабаранда, Иловаи мазкур, Сиёсати махфият ва баён намудани розигӣ ба коркарди маълумотҳои шахсӣ дар шартҳои дар матни Розигӣ ба коркарди маълумотҳои шахсӣ, бо рози пахш кардани тугмаи [ЗАРЕГИСТРИРОВАТЬСЯ] дар сатри махсус дар назди истинодҳои махсус дар ҳуҷҷати дар боло нишондодашуда дар Сомона.
4.1.2. Баъд аз содир кардани амалҳои дар банди қаблӣ нишондодашуда Пурсидашаванда ҳуқуқи гузаштан аз протседураи Аз қайд гузаштанро дорад, ки дар натиҷаи он Сабти бақайдгирии беҳамтои Пурсидашаванда барои дастрасӣ ба Хадамоти Сомона офарида мешавад. Барои гузаштани протседураи аз қайд гузаштан истифодабаранда бояд шакли бақайдгириро пур кунад.
4.1.3. Дар ҷараёни аз қайд гузаштан Пурсидашаванда логин (суроғаи почтаи электронӣ) ва рамз барои дастрасӣ ба Сабти бақайдгирии худро муайян мекунад. Пурсидашаванда мустақилона барои боэътимодӣ ва бехатарии логин ва рамзи худ, инчунин барои ҳамаи он, ки дар Сомона баъд аз авторизатсия бо логин ва рамзи Пурсидашаванда ӯҳдадор мебошад.
4.1.4. Аз қайд гузаштан дар Сомона баъд аз воридкунии дурусти иттилоот аз ҷониби Пурсидашаванда ба ҳамаи сатрҳои ҳатмии шакл ба анҷом расида ҳисобида мешавад.
4.2. Пурсидашаванда инчунин бо ёрии Хадамотҳои авторизатсияи аз қайд гузашта метавонад.
4.3. Дар ҷараёни истифода бурдани Хадамоти Сомона, Пурсидашаванда мустақилона ва ихтиёран оиди пешкаш карда шудани маълумотҳо оиди худ (аз он ҷумла оиди аз Хадамотҳои авторизатсия) қарор қабул мекунад.
5. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ПУРСИДАШАВАНДА
5.1. Пурсидашаванда ҳуқуқ дорад ба:
5.1.1. ройгон истифода бурдан дар Пурсишҳо ва дар шартҳои дар Созишномаи истифодабаранда ва Иловаи мазкур муқарраргардида;
5.1.2. гирифтани иттилоот дар бораи тартиб ва шартҳои иштирок дар Пурсишҳо;
5.1.3. радкунии иштирок дар Пурсиш бе фаҳмонидани сабабҳо;
5.1.4. мустақилона ворид кардани тағйирот ва ислоҳот ба иттилоот оиди худ дар Сабти бақайдгирии Пурсидашаванда, бо шарте, ки чунин тағйирот ва ислоҳот иттилооти мубрам ва саҳеҳро доранд;
5.1.5. шикоят кардан аз болои рафторе, ки аз рӯи ақидаи Пурсидашаванда, ҳуқуқҳои ӯро вайрон мекунанд, тавассути равона кардани шикоятҳо бо истифода аз Шакли тамоси баръакс;
5.1.6. нест кардани Сабти бақайдгирии худ дар вақти дилхоҳ тибқи дастурамали Сомона бо ташаббуси худ.
5.2. Пурсидашаванда ӯҳдадор аст:
5.2.1. риоя кардан ба шартҳои Созишномаи истифодабаранда ва Иловаи мазкур;
5.2.2. пешниҳод намудани маълумотҳои саҳеҳ, ки ҳангоми Аз қайд гузаштан дар Сомона пурсида мешавад, нишон додани иттилооти саҳеҳ, пурра ва зиддиятнадошта оиди худ аз рӯи саволҳои дар шакли азқайдгузарӣ пешниҳодшаванда, нигоҳ доштани иттилооти пешкашгардида дар ҳолати мубрам;
5.2.3. наофаридани Сабти бақайдгирӣ то расидан ба синну соли дар Қонунгузории татбиқшаванда муқарраргардида;
5.2.4. такроран нагузаштани Азқайдгузарӣ ҳангоми мавҷудияти Сабти бақайдгирии амалкунанда;
5.2.5. доштани ӯҳдадорӣ барои боэътимодии рамзи офаридашуда барои даромадан ба Сабти бақайдгирӣ, аз он ҷумла, ҳангоми азқайдгузарӣ бо истифода аз Хадамоти авторизатсия, таъмин намудани маҳфузии рамз, аз он ҷумла, тавассути насбкунии барномаҳои антивирусӣ ба таҷҳизоти истифодашаванда. Хабар надодани рамз ва бо роҳи дигар пешкаш накардани дастрасӣ ба шахсони сеюм барои вуруд ба Сабти бақайдгирии худ, инчунин надодани Сабти бақайдгирии худ ба шахсони сеюм;
5.2.6. ҳангоми гузаштани Пурсишҳо бовиҷдонона амал кардан, ба саволҳо ҷавобҳои иттилоъдор, бомундариҷа, пайдарҳам, зиддиятнадошта, инчунин пурра додан. Саволҳое, ки ба мавзуъи Пурсиш тааллуқ надоранд, дар мундариҷа истилоҳоти ҳақоратӣ, маҷмуаи рақамҳо, лоаматҳои сукут ва ҳарфҳои сарбории мазмунӣ надошта, ба якдигар ва мазмуни ақлона зидбуда ва ғайраро, инчунин ҷавобҳои айнан бардурӯғро дошта, мундариҷанадошта ҳисобида мешаванд.
5.2.7. дарҳол оиди дастрасии авторизатсиянагардида (аз ҷониби Пурсидашаванда иҷозатдоданашуда) ба Сабти бақайдгирии Пурсидашаванда ва (ё ки) оиди вайронкунии дилхоҳи бехатарии маълумотҳои Пурсидашаванда, тавассути равона кардани мактуб бо Шакли тамоси баръакс хабардор намудан;
5.2.8. истифода набурдани Сомона барои:
· вайрон кардани меъёрҳои Қонунгузории амалкунанда, аз он ҷумла:
— ҳуқуқҳои шахсони сеюм ва расонидани зарар ба онҳо дар шакли дилхоҳ;
— худро ҳамчун шахси дигар ё ки намояндаи ташкилот ва (ё ки) ҷамъият бе доштани ҳуқуқҳои ба ин, инчунин ба гумроҳӣ бурдан нисбати хусусиятҳо ва табиати ягон субъект ё ки объектҳо;
— ҷамъ овардан ва нигоҳ доштани маълумотҳои шахсии Пурсидашавандагони дигар;
· ба амал баровардани дастрасӣ ба Сомона ё ки ҷамъоварии маълумотҳо аз Сомона бо ёрии воситаҳои худкор;
· кӯшишҳои гирифтани дастрасӣ ба маълумотҳо ҳангоми мавҷуд набудани иҷозат ба чунин дастрасӣ;
· ба амал баровардани фиристоданҳои почтавии иҷозатдоданашуда ва (ё ки) аз ҷониби гирандагон интизоринадоштаи табиати рекламавӣ, тиҷоратӣ ё ки агитатсионидоштаи бо ягон роҳ бо Сомона алоқамандбуда;
· содир кардани амалҳое, ба хомӯш гардида, вайрон гардидани кори муқаррарӣ ё ки бадшавии намуди зоҳирии Сомона ё ки сарбории аз ҳад зиёд ба он оварда расонида метавонанд;
· боркунӣ, фиристодан, интиқол додан ё ки усули дилхоҳи дигари интишор намудани маводҳо, аз он ҷумла, тавассути шакли Web ва дар рафти иштирок дар Пурсишҳо:
— зараровар ва (ё ки) ғайриқонунӣ буда: дурушт, таҳдидкунанда, ҳақораткунандаи ахлоқ, порнографӣ, туҳматомез, пешбарандаи адоват ва (ё ки) дискриминатсияи одамон аз рӯи аломатҳои нажодӣ, этникӣ, ҷинсӣ, иҷтимоӣ, вайронкунандаи ҳуқуқҳои зеҳнии шахсони сеюм;
— онҳое, ки Пурсидашаванда ҳуқуқи аз рӯи қонун ё ки мутобиқи ягон муносибатҳои шартномавӣ дастрас намуданро надорад;
— ягон патент, аломати савдо, асрори тиҷоратӣ, копирайт ё ки ҳуқуқҳои зеҳнии шахси сеюмро поймол мекунад;
— иттилооти рекламавии бо таври махсус иҷозатдоданашуда, спам, схемаҳои қаллобӣ ва монанди дигар (масалан, «пирамид», «мактубҳои бахт» ва ғайра);
— дорои вирусҳо ё ки кодҳо, файлҳо ё ки барномаҳои дигари барои вайронкунӣ, нобудкунӣ ё ки маҳдудкунии хусусиятҳои таҷҳизот ё ки барномаҳои дилхоҳи компютерӣ ё ки телекоммуникатсионӣ таъингардида, барои ба амал баровардани дастрасии иҷозатдоданашуда, инчунин рақамҳои силсилавӣ барои маҳсулоти барномавӣ барои ташаккули онҳо, логинҳо, рамзҳо ва воситаҳои дигар барои ба даст овардани дастрасии иҷозатдоданашуда ба захираҳои пулакӣ дар Интернет, инчунин ҷойгиркунии истинодҳо ба иттилооти дар боло нишондодашуда таъингардида.
5.2.9. нусхабардорӣ накардан ва тағйир надодани Таъминоти барномавӣ, наофаридани барномаҳо, ҳосилаҳо аз Таъминоти барномавӣ; ворид нагардидан ба Таъминоти барномавӣ бо мақсади гирифтани коди барномавӣ;
5.2.10. ба амал набаровардани фурӯш, бегонакунӣ, ба иҷора додан, ба шахсони дигар бо шакли дилхоҳ пешкаш кардани ҳуқуқҳои дастрасӣ ба Сомона ё ки Хадамоти Сомона;
5.2.11. ҷойгир накардани рекламаи контекстии истифодабарандаи истиноди рефералии ӯ, дар хадамоти дилхоҳи Интернет, ки хизматрасониҳои намоиши рекламаро аз рӯи дархостҳои контекстӣ пешкаш мекунанд, бо шарти мавҷудияти калимаҳо ё ки ибораҳои то дараҷаи ивазкунанда монанд бо номгӯи Сомона дар дархости мутобиқ ё ки матн ё ин ки сарлавҳаи эълонҳо. Инчунин, Пурсидашаванда барои амалӣ намудани фиристоданҳо спам тавассути email, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё ки мессенҷерҳо, ки истиноди рефералии ӯро доранд.
5.2.12. риоя намудан ба махфияти қатъӣ мутобиқи қоидаҳои Созишномаи истифодабаранда ва фош накардани Иттилооти махфӣ ба шахсони сеюм;
5.2.13. нагузаштани пурсишҳо ҳангоми берун аз Кишвари Пурсидашаванда қарор доштан;
5.2.14. дар ҳолати баромадан аз Кишвари Пурсидашаванда ба ҷойи истиқомати доимӣ ба кишвари дигар – рад кардани талаботҳо ба Ҳамкор ва Маъмур ва нест кардани Сабти бақайдгирии худ.
6. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ҲАМКОР
6.1. Ҳамкор ҳуқуқ дорад:
6.1.1. дар вақти дилхоҳ, бе огоҳкунӣ, пурра кардан, таҳрир кардан ё ки бо таври дигар ворид кардани тағйирот ба шартҳои Иловаи мазкур;
6.1.2. давъат намудани Пурсидашавандагон барои иштирок дар Пурсишҳо;
6.1.3. даъват накардан/рад кардани Пурсидашавандагон барои иштирок дар Пурсишҳое, ки ба омилҳои аудиторияи мақсадноки Пурсиш мутобиқ нестанд ё ки бо сабабҳои дигар, бо ин Ҳамкор барои кушодани сабабҳои чунин радкуниҳо ӯҳдадор намебошад;
6.1.4. агар дигараш бевосита аз шартҳои Иловаи мазкур бар наояд, интиқол додани иттилооти бешахсгардонидашудаи дорои ҷавобҳои Пурсидашаванда ба саволҳо дар доираи Пурсишҳо, ба шахсони сеюм;
6.1.5. ба Пурсидашаванда мамнӯъ кардани дастрасӣ ба Хадамотҳои Сомона, бекор кардани Иловаи мазкур ҳангоми аз ҷониби Пурсидашаванда вайрон карда шудани ӯҳдадориҳои бо Иловаи мазкур муқарраргардида;
6.1.6. гузаронидани корҳои пешгирикунанда дар маҷмааи барномавӣ-дастгоҳии Сомона бо боздошти муваққатии кори Сомона ва Хадамоти Сомона.
6.2. Ҳамкор ӯҳдадор аст:
6.2.1. ба Пурсидашаванда дастрасӣ ба Хадамоти Сомонаро барои гузаштани Пурсишҳо ройгон пешкаш кунад;
6.2.2. коркард кардани Маълумоти шахсии Пурсидашаванда, ҳифз кардани махфияти онҳо ва таъмин анмудани бехатарӣ мутобиқи Сиёсати махфият ва шартҳои Иловаи мазкур.
7. МАМНӮЪКУНИИ ДАСТРАС БА ХАДАМОТИ СОМОНА
7.1. Мамнӯъ карда шудани дастрасии Пурсидашаванда ба Хадамоти Сомона дар ҳолатҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
7.1.1. нест карда шудани Сабти бақайдгирии худ аз ҷониби Пурсидашаванда;
7.1.2. аз ҷониби Пурсидашаванда баргашта гирифта шудани розигӣ барои коркарди маълумотҳои шахсӣ;
7.1.3. тағйир ёфтани мавқеъи Пурсидашаванда дар қисми мутобиқати он ба талаботи дар Иловаи мазкур нишондодашуда;
7.1.4. муайян гардидани фактҳои аз ҷониби Пурсидашаванда вайрон карда шудани ӯҳдадориҳои дар Илова муқарраргардида.
7.2. Сабти бақайдгирии Пурсидашаванда метавонад мамнӯъ карда шавад, агар Пурсидашаванда аз Хадамоти Сомона истифода набарад ва дар ягон Пурсиши тавассути Хадамоти Сомона гузаронида шаванда дар давоми 6 (шаш) моҳи гузашта иштирок накарда бошад.
7.3. Пурсидашаванда бо он розӣ мешавад, ки Маъмур ва Ҳамкор дар назди ӯ барои мамнӯъ карда шудани дастрасӣ ба Хадамоти Сомона ҷавобгар намебошанд.
7.4. Аз санаи мамнӯъ карда шудани дастрасии Пурсидашаванда ба Хадамоти Сомона Иловаи мазкур бекоргардида ҳисобида мешавад.
8. ҲУҚУҚҲОИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ
8.1. Амволи зеҳнии Маъмур, Ҳамкор ё ки мизоҷони онҳо:
8.1.1. Пурсидашаванда онро эътироф мекунад ва розӣ мешавад, ки Амволи зеҳнии Маъмур, Ҳамкор ё ки мизоҷони онҳо таҳти ҳифзи ҳуқуқии онҳо қарор дорад.
8.1.2. Ба Пурсидашаванда литсензияи ройгони оддӣ (истиснонабуда) барои истифодабарии Сомона, Хадамоти Сомона ва Таъминоти барномавӣ дар ҳаҷме, ки барои иштироки Пурсидашаванда дар Пурсишҳо зарур пешкаш карда мешавад.
8.1.3. Ба Пурсидашаванда ягон ҳуқуқҳои дигар ба Амволи зеҳнии Маъмур, Ҳамкор ё ки мизоҷони онҳо пешкаш карда намешаванд, бо истиснои ҳуқуқҳои дар банди қаблии Иловаи мазкур номбаргардида, аз он ҷумла ба Пурсидашаванда интиқол додан, бегона кардан, фурӯхтан, нусхабардорӣ кардан, паҳн кардан, тағйир додан ё ки бо роҳи дигар соҳибӣ кардан нисбати Амволи зеҳнии Маъмур, Ҳамкор ё ки мизоҷони онҳо.
8.2. Амволи зеҳнии Пурсидашаванда:
8.2.1. Бо ҷойгир кардани маълумотҳо дар ҷараёни Пурсиш, Пурсидашаванда ба Маъмур, Ҳамкор ва мизоҷони онҳо (ки ташкилкунанда ва фармоишгари Пурсиш мебошанд) литсензияи ройгони оддии (истиснонабуда) ба маводҳои нишондодашударо, бе маҳдуд кардани ҳудуд ва муҳлати амали он бо ҳуқуқи истифода бурдани маводҳо бо усули дилхоҳи аз ҷониби қонун манъ нагардида, инчунин тавассути пахшкунӣ, намоишдиҳии оммавӣ, нусхабардорӣ, коркарди рақамӣ, аз нав коркард кардан ё ки тағйирдиҳӣ, инчунин бо ҳуқуқи интиқоли ҳуқуқҳои дар боло нишондодашударо ба шахсони дилхоҳи сеюм (пешкашкунии сублитсензияҳо), аз он ҷумла, интиқоли берун аз сарҳадиро пешкаш мекунад.
8.2.2. Бо ҷойгир кардани маводҳо дар Сомона ва Сомонаҳои Пурсишҳо, Пурсидашаванда кафолат медиҳад, ки:
— соҳибҳуқуқи қонунии маводҳои ҷойгир карда шаванда мебошад ва, бо интишор намудани маводҳо, Пурсидашаванда ҳуқуқҳои шахсони сеюм ё ки шартҳои созишномаҳои амалкунандаро вайрон намекунад;
— Пурсидашаванда нисбати маводҳо, аз он ҷумла, нисбати риоя кардани махфият бо ягон ӯҳдадориҳо алоқаманд намебошад.
9. МАХФИЯТ
9.1. Аз ҷониби Пурсидашаванда интиқол дода шудани Иттилооти махфӣ ба шахсони сеюм, ҳамчунин фош карда шудани Иттилооти махфӣ ва дастрасии дилхоҳи дигар ба он — метавонад танҳо бо иҷозати хаттии Маъмур, Ҳамкор ё ки мизоҷи онҳо, ки фармоишгари Пурсиш мебошад, ки дар доираи он Иттилооти махфӣ фош карда шудааст, ба амал бароварда шавад.
9.2. Пурсидашаванда барои маҳфуз нигоҳ доштани Иттилооти махфӣ ҳамаи чораҳоро меандешад.
9.3. Барои фош кардани Иттилооти махфӣ Пурсидашаванда ҷавобгарии аз ҷониби Қонунгузории татбиқшаванда муқарраргардидаро дорад.
10. СИЁСАТИ КОРКАРДИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ
10.1. Нисбати коркарди маълумотҳои шахсии Пурсидашаванда аз ҷониби Ҳамкор қоидаҳои Сиёсати махфият, инчунин қоидаҳои Созишномаи истифодабаранда амал мекунанд.
11. ӮҲДАДОРИҲОИ ПУРСИДАШАВАНДА
11.1. Пурсидашаванда барои иҷро накардан ё ки ба таври бояду шояд иҷро накардани ӯҳдадориҳои ба худ аз рӯи Иловаи мазкур гирифташуда мутобиқи Қонунгузории татбиқшаванда ӯҳдадор мебошад.
11.2. Пурсидашаванда дарк мекунад, ки роия накардани шартҳои Илова метавонад ба расонида шудани зарарҳои ҷиддӣ ба Маъмур, Ҳамкор ва (ё ки) мизоҷони онҳо оварда расонад. Аз ҳамин сабаб Маъмур, Ҳамкор, мизоҷ ҳуқуқи аз Пурсидашаванда талаб кардани ҷуброн кардани зарари ба онҳо расонидашударо доранд.
12. ОЗОДКУНӢ АЗ ҶАВОБГАРӢ
12.1. Ҳамкор дар назди Пурсидашаванда барои зарарҳои дар натиҷаи истифода бурдани Сомона ва (ё ки) Хадамотҳои Сомона ҷавобгарӣ надорад, инчунин нисбати ягон шартномаҳо байни Пурсидашаванда ва шахсони сеюм ягон ҷавобгарӣ надорад.
12.2. Пурсидашаванда бо он розӣ мешавад, ки Ҳамкор дар назди ӯ барои мамнӯъ карда шудани дастрасӣ ба Хадамоти Сомона ҷавобгар намебошад.
13. ТАҒЙИР ДОДА ШУДАНИ ИЛОВА
13.1. Ҳамкор барои дар тартиби яктарафа тағйир додани шартҳои Илова мазкур ва ҳамаи қисмҳои ҷудонашавандаи онро бе мувофиқакунӣ бо Пурсидашаванда бо огоҳкунии ӯ тавассути дар Сомона ҷойгиркунии таҳририяти нави Илова ё ки қисми дигари ҷудонашавандаи он, ки тағйир ёфтааст, ҳуқуқ дорад. Таҳрири нави Илова ва (ё ки) ягон қисми ҷудонашавандаи он аз лаҳзаи интишор шуданаш қувваи қонунӣ пайдо мекунад.
14. ҚОИДАҲОИ ОХИРОН
14.1. Ҳамаи баҳсҳо ё ки даъвоҳои аз Илова мазкур ё ки бо Илова алоқаманд бармеомадаро, Ҷонибҳо кӯшиш мекунанд, ки дар тартиби эътирозӣ ҳаллу фасл намоянд. Дар ҳолати нарасидан ба созиш, баҳс бояд дар суд дар ҷойи будубоши Ҳамкор ҳаллу фасл гардад.
14.2. Иловаи мазкур табиати пардохтнашаванда дорад, аз ҳамин сабаб, меъёрҳо оиди ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба Иловаи мазкур татбиқ карда намешаванд.