БАРНОМАИ БОНУСӢ (ОФЕРТАИ ОММАВӢ)

Таҳрир аз 20.10.2022

Барномаи бонусии мазкур (баъдан – Барномаи бонусӣ) офертаи оммавӣ (баъдан – Оферта) мебошад, ки муҳлати ҳамроҳшавӣ ба он маҳдуд нашудааст (бе муҳлат эътибор дорад).

Бо аксепти Барномаи бонусӣ аз ҷониби Пурсидашаванда аксепт карад шудани Илова ба Созишномаи истифодабаранда (офертаи оммавӣ), ки аз ҷониби Ҳамкор интишоргардида ва аз ҷониби Пурсидашаванда аксепткардашуда ва дар шабакаи Интернет (баъдан – Илова) эътироф карда мешавад.

Ҳамаи мафҳумҳои дар Барномаи бонусӣ муайяннагардида, қиматҳои дар Созишномаи истифодабарандаи аз ҷониби Маъмур интишоргардида ва аз ҷониби Пурсидашаванда аксептгардида (баъдан – Созишномаи истифодабаранда) ва Илова муқарргардидаро доранд.

1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

1.1. Барномаи бонусии мазкур ба нигоҳ дошта шудани Пурсидашавандагони мавҷуда ва ҷалбкунии Пурсидашавандагони нав барои гузаштан аз пурсишҳои аз ҷобини Маъмур, Ҳамкор ва мизоҷони Маъмур/Ҳамкор равона карда шудааст, ва чорабиние мебошад, ки дар натиҷаи онҳо Пурсидашаванда холҳоро ҷамъоварӣ намуда, онҳоро ба Ҳавасмандгардонӣ иваз мекунад.

1.2. Факти иштирок дар Барномаи бонусӣ мефаҳмонад, ки Пурсидашаванда ба Барномаи бонусӣ ҳамроҳ шудааст, бо шартҳои Барноми бонусӣ шинос ва пурра бо он розӣ мебошад.

1.3. Истилоҳот ва муқаррароти иловагӣ:

1.3.1. Ҳавасмандгардонӣ – пардохти пурра ё қисман барои Пурсидашаванда ё ки шахсе, ки аз ҷониби Пурсидашаванда нишон дода шудааст, хизматрасониҳои оператори алоқаи мобилӣ бар ивази холҳои аз ҷониби Пурсидашаванда дар ҷараёни иштирок дар Барномаи бонусӣ ҷамъоваригардида. Ҳавасмандгардонии аз ҷониби Пурсидашаванда гирифташаванда, наметавонад бо эквиваленти пулӣ иваз карда шавад;

1.3.2. Корти бонусӣ — маҷмуъаи маълумотҳои иттилоотӣ оиди Пурсидашаванда, Ҳавасмандгардониҳои ба ӯ пешкашкардашуда, миқдори холҳои ҳисобгардида, соқитгардида ва тавозуни ҷории холҳо. Корти бонусӣ ба номи Пурсидашаванда, ки шартҳои Созишномаи истифодабаранда, Иловаро қабул кардааст ва аз Сомона истифода мебарад, кушода мешавад.

1.3.3. Холҳо — бонусҳо, ки ба Пурсидашаванда барои иштирок дар Барномаи бонусӣ ҳисоб карда мешавад.

1.3.4. Миқдори минималии холҳо – миқдори минималии холҳо, ки барои ивазкунии Холҳои ҷамъоваригардида ба Ҳавасмандгардонии дар Сомона муқарраргардида заруранд.

1.4. Давраи гузаронидани Барномаи бонусӣ: аз санаи интишори Барномаи бонусии мазкур дар Сомона ба муҳлати муайяннагардида. Ҳамкор ҳуқуқи бекор кардан ё ки боз доштани гузаронидани Барномаи бонусиро дар вақти дилхоҳ бо шарти хабардор намудани Пурсидашавандагон оиди чунин бекоркунӣ бо роҳи ҷойгир кардани эълони мутобиқ дар Сомона на дертар аз як рӯзи корӣ то анҷоми муҳлати амали Барномаи бонусиро дорад.

2. ҚОИДАҲОИ ИШТИРОК ДАР БАРНОМАИ БОНУСӢ

2.1. Барои иштирок дар Барномаи бонусӣ ба шахс ҳамроҳ шудан ба Созишномаи истифодабаранда, Илова ва Барномаи бонусии мазкур лозим аст.

2.2. Иштирок дар Барномаи бонусӣ ихтиёрӣ аст. Пурсидашаванда, ки бо Барномаи бонусии мазкур розӣ шуд, розигии иттилоъдодашуда ва ихтиёрии худро ба иштирок дар чорабиниҳои ҳавасмандгардонии рекламавӣ, маркетингӣ ва ғайраи равонакардашуда ба пешбарии Хадамоти сомона пешкаш мекунад. Иттилоот дар бораи амалкунии Хадамоти Сомона, хабарҳои иттилоотӣ, рекламавӣ ё ки ғайра ба Пурсидашаванда ба суроғаи почтаи электронӣ, рақами телефони аз ҷониби Пурсидашаванда ҳангоми аз қайд гузаштан дар тартиби дар Илова муқарраргардида равона карда мешаванд. Пурсидашаванда дар вақти дилхоҳ гирифтани иттилоти дар банди мазкур нишондодашударо бо роҳи несткунии Сабти бақайдгирии худ дорад.

2.3. Пурсидашаванда Холҳоро танҳо барои Пурсишҳои шахсан гузашташуда гирифта метавонад. Дар ҳолатҳои баръакс Сабти бақайдгирии Пурсидашаванда мамнӯъ карда шуда метавонад.

2.4. Холҳо ба Корти бонусӣ барои истифодабарии фаъоли Хадамоти Сомона ҳисоб карда мешаванд, айнан:

2.4.1. барои аз ҷониби Пурсидашаванда гузашта шудани Пурсиш ҳангоми риоякунии шартҳои зерин:

— бо шарти пурра гузаштани Пурсиш, агар Пурсиш дар захираи ҳамкор/мизоҷи Маъмур/Ҳамкор гузаронида шавад — бо шарти аз ҷониби ҳамкор/мизоҷи Маъмур/ҳамкор тасдиқ карда шудани гузашти саҳеҳ аз Пурсиш (Маъмур/Ҳамор барои ҳисоб карда нашудани Холҳо дар он ҳолат ӯҳдадор намебошанд, агар Пурсидашаванда бо ягон сабабҳои дилхоҳ гузаштан аз Пурсишро ба анҷом нарасонида бошад);

— Холҳо як маротиба дар давоми каме вақт баъд аз гузаштани пурсиш ҳисоб карда мешаванд;

— миқдори Холҳои ҳисоб карда шаванд, дар алоҳидагӣ дар ҳар як ҳолати мушаххас муқаррар карда мешавад ва ё дар Утоқи шахсии Пурсидашаванда, ё ин ки дар даъватномаи ба Пурсидашаванда барои иштирок дар Пурсиш равонакардашаванда ё ки бо роҳи дигар маълум карда мешавад. Миқдори Холҳои ҷамъоваригардида дар Корти бонусӣ дар Утоқи шахсии Пурсидашаванда инъикос карда мешавад;

— Пурсидашаванда онро эътироф мекуад ва розӣ мешавад, ки Пурсишҳо байни шахсони профили муайян, ки дар вобастагӣ аз тавсифҳои гуногун (синну сол, ҷинс, ҷуғрофияи истиқомат, мавқеъи иҷтимоӣ-оилавӣ, истеъмоли маҳсулоти муайян ва ғайра) ташаккул меёбад, гузаронида мешаванд. Аз ҳамин сабаб, имконияти иштироки Пурсидашаванда, ки ба профили талабкардашуда номутобиқбуда, ба равона карда шудани хабари иттилоотӣ оиди гузаронида шудани чунин Пурсиш ба Пурсидашаванда нигоҳ накарда, метавонад маҳдуд карда шавад. Холҳо дар ин ҳолат ҳисоб карда намешаванд.

— Ба Пурсидашаванда мавҷудияти Пурсишҳои барои гузаштан дастрас кафолат дода намешавад.

2.4.2. барои пуркунии иттилоот дар Утоқи шахсии Пурсидашаванда ҳангоми риояи шартҳои зерин:

— ҳангоми аз ҷониби Пурсидашаванда пур карда шудани иттилооти профилӣ;

— Холҳо як маротиба дар давоми каме вақт баъд аз пур кардани иттилоот ҳисоб карда мешаванд;

— миқдори Холҳои ҳисобкардашаванда дар Корти бонусӣ дар Утоқи шахсии Пурсидашаванда муқаррар ва инъикос карда мешаванд;

2.4.3. Барои иштироки Пурсидашаванда дар барномаҳои аз ҷониби Маъмур, Ҳамкор, мизоҷони Маъмур/Ҳамкор ташкилгардида ҳангоми риояи шартҳои зерин;

— бо шарти аз ҷониби Пурсидашаванда риоя гардидани шартҳои иштирок дар барномаҳо ва мутобиқати Пурсидашаванда ба талабот ба иштирокчиёни барномаҳои нишондодашуда;

— Холҳо як маротиба дар давоми каме вақт баъд аз анҷоми иштироки Пурсидашаванда дар барнома ҳисоб карда мешаванд;

— миқдори Холҳое, ки бояд ҳисоб карда шаванд, дар барнома муқаррар карда мешавад ва ё дар Утоқи шахсии Пурсидашаванда, ё ин ки дар даъватномаи ба Пурсидашаванда барои иштирок дар барнома равонакардашаванда ё ки бо роҳи дигар маълум карда мешавад;

— миқдори Холҳои ҷамъоваригардида дар Корти бонусӣ дар Утоқи шахсии Пурсидашаванда инъикос карда мешавад.

2.4.4. барои ҷалб карда шудани шахсони сеюм аз ҷониби Пурсидашаванда барои иштирок дар Пурсишҳо ҳангоми риояи шартҳои зерин:

— ҳангоми Аз қайд гузаштани шахси сеюм, ки Пурсидашаванда намебошад, дар Сомона ва гузаштани Пурсиши якум, ки барои иштирок дар он холҳо ҳисоб карда мешаванд;

— Холҳо як маротиба дар давоми каме вақт баъди аз қайд гузаштани шахси сеюм дар Сомона ҳисоб карда мешаванд;

— миқдори Холҳо, ки барои ҳар як шахси ҷалбкардашуда бояд ҳисоб карда шаванд, дар Сомона хабар дода мешавад;

— миқдори Холҳои ҷамъоваригардида дар Корти бонусӣ дар Утоқи шахсии Пурсидашаванда инъикос карда мешавад.

2.5. Ҳамкор барои аз рӯи салоҳдиди худ муқаррар кардани асосҳои (ҳолатҳои) ҳисоб кардан ва/ё ки накардани Холҳо, аз он ҷумла, барои тоифаҳои алоҳидаи Пурсидашаванда ҳуқуқ дорад.

2.6. Ҳамкор барои ҳисоб накардани Холҳо, инчунин бекор кардани Холҳои ҳисобкардашуда дар ҳолати аз ҷониби Пурсидашаванда вайрон карда шудани шартҳои Созишномаи истифодабаранда, Илова ва/ё ки Қоидаҳои Барномаи бонусӣ ҳуқуқ дорад.

2.7. Баъд аз ҳисоб карда шудани Холҳо ба Корти бонусӣ Пурсидашаванда ҳуқуқи истифода бурдани онҳоро дар тартиби дар Барномаи бонусии мазкур муқарраргардидаро мегирад.

3. МУҲЛАТИ АМАЛИ ХОЛҲО ВА ДОДА ШУДАНИ ХОЛҲО БА ШАХСОНИ СЕЮМ.

3.1. Холҳое, ки ба Корти бонусӣ ҳисоб карда шудаанд, дар давоми тамоми муҳлати амали Барномаи бонусӣ амал мекунанд, бо истиснои ҳолати мамнӯъкунии дастрасии Пурсидашаванда ба Хадамоти Сомона, ки дар он холҳо бекор карда мешаванд.

3.2. Корти бонусӣ нисбати ҳар як Пурсидашаванда фардӣ бурда мешавад. Холҳои ба Корти бонусӣ ҳисобкардашуда, наметавонанд ба Пурсидашавандаи дигар дода ё ки бо таври дигар супорида шаванд.

4. ТАРТИБИ ПЕШКАШ КАРДАНИ ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ

4.1. Барои ивазкунии Холҳои ҷамъоваригардида барои Ҳавасмандгардонӣ Пурсидашаванда бояд Миқдори минималии холҳоро (соқитнагардида) ҷамъ кунад ва барои пардохт дархост фиристад.

4.2. Ҳангоми равона карда шудани дархост барои пардохт миқдори мутобиқи Холҳо аз Корти бонусӣ соқит карда мешавад. Ҳамкор барои пешкаш намудани Ҳавасмандгардонӣ дар давоми 14 (чордаҳ) рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи равона карда шудани дархост кӯшиш хоҳад кард. Вале дар баъзе ҳолатҳо муҳлати нишондодашуда дароз карда шуда метавонад. Ҳавасмандгардониро ба Холҳо баъд аз гирифта шудани он баргардонида ва иваз кардан мумкин нест.

4.3. Пурсидашаванда мустақилона андозҳо ва боҷҳоро пардохт мекунад, ӯҳдадорӣ оид ба пардохти онҳо ҳангоми аз ҷониби Пурсидашаванда гирифта шудани Ҳавасмандгардонӣ мутобиқи Қонунгузории татбиқшавнда ба амал меояд, ва барои иҷроиши бояду шояди ӯҳдадории мазкур мустақилона ҷавобгар мебошад.

5. УСУЛ ВА ТАРТИБИ ИТТИЛОЪДИҲИИ ПУРСИДАШАВАНДАГОН ДАР БОРАИ ДАВРА ВА ШАРТҲОИ ГУЗАРОНИДАНИ БАРНОМАИ БОНУСӢ

5.1. Қоидаҳои гузаронидани Барномаи бонусӣ дар Сомона ҷойгир карда мешаванд.

5.2. Ҳамкор ҳуқуқи ворид нашудан ба гуфтушуниди хаттӣ ё ки тамосҳои дигар бо Пурсидашавандагон, ба ғайр аз ҳолатҳои дар Барномаи бонусии мазкур пешбинигардидаро дорад.

5.3. Дар ҳолати қатъкунии пеш аз муҳлат, боз доштани гузаронидан ё ки тағйир ёфтани шартҳои гузаронидани Барномаи бонусӣ, инчунин дар ҳолатҳои дилхоҳи дигар иттилоот оиди ин ба маълумоти Пурсидашавандагон бо роҳи ҷойгир кардани иттилоот дар Сомона расонида мешавад.

5.4. Ҳамкор барои зарари дилхоҳ, ки ба Пурсидашаванда дар алоқамандӣ бо иштироки ӯ дар Барномаи бонусӣ, аз ҷониби ӯ гирифта шудан ва истифода бурда шудани Ҳавасмандгардониҳо, барои хатогиҳо дар барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, ки аз сабаби аз ҷониби Пурсидашаванда носаҳеҳ пешкаш карда шудани маълумотҳи худ роҳ дода шудаанд, барои зарари ба Пурсидашаванда ё ки амволи ӯ бо айби шахсони сеюм расонидашуда, барои аз ҷониби Пурсидашаванда вайрон карда шудани қонунгузории миллӣ ё ки байналхалқии амалкунанда ва оқибатҳои дар натиҷаи ин ба амал омада, барои зарари дилхоҳи аз ҷониби Пурсидашаванда ба шахсони сеюм дар алоқамандӣ бо гирифтани Шавқмандиҳо расонидашуда ҷавобгарӣ надорад.